ДИИШ чӣ қадар сарват дорад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45701-ДИИШ_чӣ_қадар_сарват_дорад
Дабири кулли Созмони Милал эълом кард, ки террористҳои ДИИШ ҳудуди 300 миллион доллар сарват дар ихтиёр доранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 06, 2019 16:51 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ чӣ қадар сарват дорад?

Дабири кулли Созмони Милал эълом кард, ки террористҳои ДИИШ ҳудуди 300 миллион доллар сарват дар ихтиёр доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар гузорише ба Шӯрои амният эълом кард, ки террористҳои ДИИШ пас аз фурӯпошии хилофати иддаоии онҳо 300 миллион доллар сарват доранд. Дабири кулли Созмони Милал афзуд, террористҳо он қадар пул надоранд, ки сарзаминеро ишғол кунанд, аммо коҳиши ҳамалот аз сӯйи террористҳо муваққатӣ аст ва террористҳо қодиранд, то ҳазинаи лозим барои ҳамалоти террористиро бо интиқоли пул аз тариқи ширкатҳои ғайрирасмӣ таъмин кунанд. Гутерриш гуфт, гурӯҳаки ДИИШ талош мекунад, аз тариқи ҳимояти молии тарафдорони худ дар манотиқи мухталифи Осиё ва Африқо ба истиқлоли молӣ бирасад.

Дабири кулли СММ фурӯши осори бостониро аз дигар манобеи молии ДИИШ баршумурда гуфт, фақат бархе аъзои раддаи болоии ДОИШ аз маҳалли нигаҳдории ин осори бостонӣ хабар доранд.

Дар гузориши чанде пеши коршиносони Созмони Милал Муттаҳид ба Шӯрои амният омада буд, ки роиҷтарин равиши террористҳои ДИИШ барои интиқоли пул интиқол аз тариқи ҳавола аст. Бар асоси ин гузориш, аъзои ДИИШ талош мекунанд, то дубора худро эҳё карда ва ҳамалотро аз сар бигиранд.

Охирин минтақаи таҳти ишғоли ДИИШ, ки рустои кӯчаки Боғуз дар шарқи Сурия маҳсуб мешуд, саранҷом дар 23-юми март ба дасти нерӯҳои курд озод шуд ва аз он пас террористҳо ҳеҷ минтақаеро ба сурати мутамаркиз дар ишғоли худ надоранд ва дар манотиқи биёбониву кӯҳҳо ба сурати ҳастаҳои чанднафара фаъолият мекунанд.