Афзоиши содироти Чин ба хориҷ аз ин кишвар бо вуҷуди ҷанги тиҷорӣ
(last modified Fri, 09 Aug 2019 14:08:27 GMT )
Август 09, 2019 19:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Чин ба хориҷ аз ин кишвар бо вуҷуди ҷанги тиҷорӣ

Идораи гумруки Чин аз афзоиши содирот ба хориҷ аз ин кишвар, бо вуҷуди муноқишаи тиҷорӣ миёни Пекин ва Вашингтон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, бар асоси оморе, ки идораи гумруки Чин рӯзи панҷшанбе мунташир кард, фурӯши колоҳои Чин ба хориҷ аз ин кишвар пас аз коҳиши 1,3 дарсадӣ дар моҳи июн,  3,3 дарсад афзоиш ёфт.

Бар асоси ин гузориш, дар ин моҳ мозоди тиҷории Чин 45,05 миллиард доллар буд, дар ҳоле, ки мозоди тиҷории ин кишвардр моҳи қабл 44,23 миллиард доллар буд.

Афзоиши содироти Чин дар моҳи июл дар ҳоле аст, ки раисҷумҳури Амрико ахиран эълом кард, аз авоили моҳи сентябр бар сесад миллиард доллар аз колоҳои воридотӣ аз Чин таърифаи 10 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Амрико дар ҳоли ҳозир бар 250 миллиард доллар аз колоҳои воридотӣ аз Чин таърифаи 25 дарсадӣ ҷорӣ карда ва таърифаҳои ҷадид тақрибан тамоми маҳсулоти воридшуда аз Чинро дар бар хоҳад гирифт.