Хушҳолии эътирозкунандагон аз озодии Шайх Закзокӣ
(last modified Tue, 13 Aug 2019 13:01:39 GMT )
Август 13, 2019 18:01 Asia/Dushanbe
  • Хушҳолии эътирозкунандагон аз озодии Шайх Закзокӣ

Озодии Шайх Закзокӣ хушҳолии эътирозкунандагони муқобили сафорати ин кишварро дар Англия ба дунбол дошт. Ба гузориши ИРНА, вай барои дармон озими Ҳинд шуд.

Эътирозкунандагони муқобили сафорати Нигерия дар Лондон, ки таҳассун (эътирози нишаста)-и онҳо 33 рӯз тӯл кашид, озодии вай ва ҳамсарашро ҷашн гирифтанд.

Гузоришгари “Алъолам” дар гузорише гуфт, вахомати ҳоли Шайх Закзокӣ боис шуд, мақомоти қазоии Нигерия дастури озодии вайро содир кунанд ва ба вай иҷоза диҳанд, барои дармон озими хориҷ аз ин кишвар шавад.

148 пизишк бо тахассусҳои мухталиф аз Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд бо фиристодани паёме барои мақомоти Нигерия дар бораи вахомати ҳоли Шайх Закзокӣ ҳушдор доданд ва бар зарурати интиқоли вай ба бемористони тахассусӣ барои дармон таъкид карданд. Вукалои шайх эълом карданд, вай чашми рости худро аз даст додааст ва эҳтимол дорад, чашми дигарашро низ аз даст бидиҳад. Ба гуфтаи вукалои Шайх Закзокӣ, ҳанӯз теъдоди пораҳои гулӯлаи ношӣ аз ҳамлаи соли 2015-и артиши Нигерия ба минтақаи Зария ва иртикоби ҷинояте, ки шумори зиёде аз афрод дар он шаҳид, захмӣ ва теъдоде низ боздошт шуданд, дар бадани вай мондааст.

Таҳассункунандагони муқобили сафорати Нигерия дар Лондон аз шунидани хабари озодии шайху ҳамсараш ва иҷоза ба онҳо барои азимат ба Ҳинд хушҳол шуданд ва шодмонӣ карданд. Ин афрод барои эъмоли фишор бар мақомоти Нигерия ба манзури таваққуфи тарсу ваҳшат алайҳи Шайх Закзокӣ ва хонаводаву тарафдорони вай 33 рӯз дар муқобили сафорати Нигерия дар Лондон таҳассун карданд. Ҳамзамон бо ин таҳассун Нигерия низ шоҳиди эътирозоту тазоҳурот буд, ки тайи он садҳо нафар ба зарби гулӯлаи нерӯҳои амниятӣ шаҳид ё захмӣ шуданд. Нерӯҳои амниятӣ ҳамчунин шумори зиёде аз аъзои Ҷунбиши исломиро боздошт карданд. Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар ифроти артиши Нигерия дар хушунат алайҳи тарафдорони Шайх Закзокиро маҳкум карданд.