Таъвиқи ихроҷи коргарони муҳоҷир аз Русия
Вазорати дохилии Русия ба далели набуди манобеи молӣ наметавонд ҳукми ихроҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз Русияро иҷроӣ кунад.
Ба гузориши сойти хабаргузории "Riafan.ru", коршиносони умури муҳоҷират, иллати ин нобсомониро идғоми Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия ба вазорати дохилӣ унвон кардаанд, ки акнун барои ин амр манобеи молии кофӣ дар ихтиёр надорад.
Дар апрели соли ҷорӣ, Хадамоти федерали муҳоҷирати Русия, ки ниҳод мустақиле буд, бар асоси барнома ислоҳоти сохтори давлатӣ ба зермаҷмӯаи тобеи вазорати дохилии Русия табдил шуд. Акнун масъулияти назорат, интиқол, ихроҷ ва нигаҳдории коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба дӯши пулиси Русия вогузар шуда, ки ин ниҳод низ бо мушкили камбуди манобеи молӣ мувоҷиҳ мебошад.
Дар маркази муваққати нигаҳдории коргарони муҳоҷири ихроҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, ки зарфияти 170 нафарро дорад, дар ҳоли ҳозир 240 нафар мунтазири ихроҷ аз Русия ҳастанд, ки додгоҳҳо ҳукми ихроҷшонро содир кардаанд, аммо пулис барои иҷрои ин аҳком манобеи молӣ надорад.
Гуфта мешавад, ки ниме аз ин афрод шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Русия ва кишварҳои худ муртакиби ҷурму ҷиноёт шудаанд ва теъдоде таҳти пайгарди қазоӣ қарор доранд.
Пулиси Русия талош кардааст, ки ин афроди ихроҷиро ба сафоратхонаҳои кишвари матбуашон таҳвил диҳад, то ба ватанашон фиристода шаванд, аммо барои таҳияи асноди истирдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии хориҷӣ ниёз ба манобеи молӣ вуҷуд дорад, ки вазорати дохилии Русия наметавонд ин ҳазинаҳоро пардохт кунад.