Август 15, 2019 13:55 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳашт узви Толибон дар шарқи Афғонистон

Дар амалиёти нируҳои артиши Афғонистон ба мавозеъи гуруҳи Толибон дар шарқи ин кишвар ҳашт узви ин гуруҳ кушта шуданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Сен Хуа, фармондеҳи артиши Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ин ҳашт узви гуруҳи Толибон дар шаҳристони Бараки бараки вилояти Лугар дар шарқи ин кишвар кушта шуданд.

 Бар асоси ин гузориш дар байни куштаҳои гурӯҳи Толибон ду саркардаи ин гурӯҳ низ дида мешавад.  

 Дар ҳамин ҳол эълом шуд, ки нируҳои артиши Афғонистон ҳафт узви гурӯҳи Толибон ва ду узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар вилоятҳои Урузгон ва Нангарҳор дастгир кардаанд.

 

Барчасп