Август 25, 2019 10:22 Asia/Dushanbe

Бузургтарин масҷиди Русия, ки гуфта мешавад бузургтарин масҷиди Аврупо аст рӯзи шанбе бо пайёми Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар минтақаи Шолии Ҷумҳурии Чечен дар Қафғози шимолӣ гушоиш ёфт.

Ба нақл ИРНО, ин масҷид, ки 30 ҳазор нафар дар дохил ва 40 ҳазор нафар дар маҳватаҳои пайромуни он гунҷоиш дорад бо деворҳое аз мармари сафед ва ҳошияҳои тиллокорӣ тазъин шудааст.

Сохти масҷиди ҷомеи шаҳри Шолӣ моҳи декабри соли 2012 дар маҳдудае ба вусъати панҷ гегтар оғоз шуд.

Ин масҷид дар наздикии бурҷи тиҷории Шолиситӣ воқеъ шуда ва иртифои гунбази он 43 метр ва баландии чаҳор манораи он 63 метр аст ва дар маҳватаи он 12 фаввора ва маҳалҳои вижаи таҳорат кардан эҷод шудааст.

Барчасп