Август 26, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Иддаъои сенатори амрикоӣ ба тавонмандии сиёсати хориҷии Эрон

Сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ иддаъо кард ; ҳузури вазири хориҷаи Эрон дар нишасти сарони гурӯҳи ҳафт, бемашварат бо Вашингтон ва бетаваҷуҳ ба таҳрими вай нишонаи тавонмандии сиёсати хориҷии ин кишвар аст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Линдсӣ Гроҳом бо интиқод аз иқдоми Фаронса дар даъват аз Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ба нишасти сарони гурӯҳи 7 гуфт; ин иқдом, нишон додани заъфи шадид муқобили Эрон аст.

Ин сенатори амрикоӣ афзуд; вақте Фаронса аз вазири хориҷаи Эрон бемашварат бо Амрико ба нишасти гурӯҳи 7 даъват карда, ин нишонаи беэҳтиромии ваҳшатнок ба Доналд Тромп раиси ҷумҳурии Амрико аст.

Зариф рӯзи якшанбе ба манзури гуфтугӯ дар хусуси ибтикороти ҳали масоили мавҷуд,бо даъвати расмии вазири умури хориҷаи Фаронса вориди шаҳри Биерритз дар ҷунуб ғарби ин кишвар, маҳали баргузории иҷлоси сарони гурӯҳи 7 шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар маҳали иҷлоси сарони гурӯҳи 7 бо Эмануел Макрун раиси ҷумҳурӣ ва вазири хориҷаи Фаронса ва низ намояндагони Олмон ва Британия дидор ва гуфтугӯ кард.

Сарони ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон  гурӯҳи 7 аз рӯзи шанбе ба муддати се рӯз дар шаҳри Биерритзи Фаронса гирд омадаанд.

Барчасп