Трамп: Аҷалае барои хурӯҷ аз Афғонистон надорем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46255-Трамп_Аҷалае_барои_хурӯҷ_аз_Афғонистон_надорем
Дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Кохи Сафед, раисҷумҳури Амрико аз идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 28, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Аҷалае барои хурӯҷ аз Афғонистон надорем

Дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Кохи Сафед, раисҷумҳури Амрико аз идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз вебгоҳи TV News, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт: Бидуни ҷадвали замонӣ аҷалае барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон надорем.

Трамп афзуд: Нақши низомии Амрико дар Афғонистон ба як нерӯи пулис мубаддал гаштааст.

Расумҳури Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Амрико метавонад дар муддат замони кӯтоҳе барандаи ҷанг дар Афғонистон бошад.

Амрико пас аз моҷарои 11 сентябри дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамлаи низомӣ кард.