Август 28, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  •  Иддаои Толибон дар бораи тавофуқ бо Амрико

Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар муддаӣ шуд, ин гурӯҳ ба тавофуқи ниҳоӣ бо Амрико наздик шудааст.

Суҳайли Шоҳин рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, гурӯҳи Толибон ба тавофуқи ниҳоӣ бо намояндагони Амрико бар сари муоҳидае наздик шудааст, ки бар асоси он низомиёни амрикоӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Идаои гурӯҳи Толибон дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ду рӯзи пеш дар ҳошияи нишасти сарони гурӯҳи 7 дар Фаронса эълом карда буд, ҳеҷ ҷадвали замонӣ барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон вуҷуд надорад.

Нуҳумин даври музокироти намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Доҳаи Қатар дар ҳоли баргузорӣ аст.

Музокироти Амрико ва Толибон дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки то кунун натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст.

 

Барчасп