Паҳподҳои яманӣ фурудгоҳи Наҷрони арабистонро бомбаборон карданд
Сухангуи нерӯҳои мусалаҳи Яман бомдоди ҷумъа аз ҳамлаи паҳподи густардаи артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар ба фурудгоҳи Наҷрон дар ҷануби Арабистон хабар дод.
Ба гузориши Алолам, Яҳё Алсариъ эълом кард, паҳподҳои Қосиф К2 и артиши Яман , ошиёнаи ҷангандаҳо ва аҳдофи низомии муҳим ва ҳасоси фурудгоҳи Наҷронро бомбаборон кардаанд.
Сухангуи нерӯҳои мусалаҳи Яман бо баёни ин,ки ҳамлаи паҳподӣ сабаб ба тавақуфи парвозҳо дар фурудгоҳи Наҷрон шудааст тасриҳ кард, то замоне,ки ҳамлаҳои Иттилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яман идома дошта бошад ҳаққи вокуниш ба таҷовуз барои яманиҳо маҳфуз аст.
Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бомдоди панҷшанбе низ дар посух ба таҷовузи иттилофи Саудӣ бо як фарванди мушаки Крузи бумӣ аз навъи Қудс 1 фурудгоҳи байналмиллалии Абҳо дар устони Ъасир ҷунуби Арабистонро ҳадаф қарор дода бад.
Фурудгоҳҳои Абҳо Ҷизон, Нҷрон ва ҳамчунин пойгоҳи ҳавоии Малак Холид дар ҷунуби Арабистон дар ҳафтаҳои ахир борҳо тавассути ягонҳои паҳподӣ ва мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳадаф қарор дода шудаанд.
Ин се фурудгоҳ ва ҳамчунин пойгоҳи ҳавоии Малак Холид маҳали сухтгирӣ ва пуштибонии ҷангандаҳое аст,ки дар ҳамлаҳои иттилофи Саудӣ ба Яман мавриди истифода қарор мегиранд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ, ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ,замхмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ сабаб шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғазоӣ ва доруӣ рӯ ба рӯ кардааст.