Зане, ки 17 моҳа бордор аст
Бордории 17 моҳаи як зани чинӣ дар расонаҳо хабарсоз шудааст.
Ба гузориши шабакаи “Хабар” - и Эрон, ҳанӯз бордории ин зан идома дорад ва то кунун муваффақ ба зоимон нашуда ва ҷанин то кунун дар ҳоли рушд будааст.
Ин зани чинӣ исрор дошта то пизишкон ӯро сезариан (қайсарӣ) кунанд, аммо пизишки муолиҷ ба ӯ гуфтааст, ки ҳанӯз ҷуфт дар раҳми ӯ ба андозаи комил такомул наёфта ва ӯ аз он замон беш аз 30 бор барои муоиноти мухталиф ба пизишк муроҷиа карда ва беш аз 10 ҳазор юан ҳазина кардааст.
Се моҳ пеш ва замоне, ки ҳомилагиаш 14 моҳа буда, барои сезариан ба доктор муроҷиа карда, аммо пизишкон пас аз муоиноти мухталиф ба ӯ гуфтаанд, ҷуфт дар раҳмаш ҳанӯз ба қадре такомул наёфтааст, ки битавон амали сезарианро рӯйи ӯ иҷро кард.
Пизишки муолиҷи ин зани чинӣ гуфтааст, аз назари муоинот, ҷанини хонум Ванг Ши дар ҳадди як ҷанини 38 ҳафтаӣ ва дар шароити табиӣ аст, аммо алоиме аз зоимон надорад.
Ин зани чинӣ ва ҳамсараш гуфтаанд, дигар аз ин вазъ хаста шудаанд ва моҳи оянда мехоҳанд ҳар тавр, ки шуда бо амали сезариан навзоди худро ба дунё биоваранд.