Сардаргумии Доналд Трамп дар хусуси наҳваи таомул бо Эрон
(last modified Tue, 17 Sep 2019 12:32:45 GMT )
Сентябр 17, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Сардаргумии Доналд Трамп дар хусуси наҳваи таомул бо Эрон

Як расонаи амрикоӣ дар таҳлиле аз сардаргумии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар хусуси наҳваи таомул бо Эрон сухан ба миён овард.

Шабакаи хабарии Си Эн Эн рӯзи душанбе дар гузорише навишт: “Навасони доимии Трамп байни хушунат ва созиш, шояд дар муомилоти милкҳои Ню-Йорк коромад бошад, аммо замоне, ки бо ҳисобгариҳои печидаи як қудрати бартари минтақаие монанди Эрон рӯ бар ӯ ҳастем, ин навасонот комилан гиҷкунанда ва хатарнок мешавад”.

Си Эн Эн афзуд, вузарои хазонадорӣ ва умури хориҷаи Трамп дар чанд ҳафтаи гузашта таъкид кардаанд, ки Трамп “бидуни пешшарт” омодаи дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон аст, акнун ба назар мерасад Трамп дар ин замина дучори фаромӯшӣ шуда ва тамоюлаш барои гуфтугӯи бидуни пешшарт бо ҳамтои эрониро ахбори ҷаълӣ меномад.

Мақомоти давлати Трамп дар ҳоле мудом дам аз музокира ва тавофуқи ҷадид бо Эрон мезананд, ки Вашингтон соли гузашта ба сурати ғайриқонунӣ аз БарҶом, ки чандин сол барои таҳаққуқи он музокира шуда буд, хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе, дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ, дар оғози соли таҳсилии ҳавзаҳои илмия, ҳадафи амрикоиҳо аз тарфанди музокираро таҳмили хостаҳои худ ва исботи таъсиргузории фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон хонданд ва гуфтанд, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар баробари миллати Эрон ҳеҷ арзише надорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба тарҳи муҷаддади мавзӯи музокира аз ҷониби амрикоиҳо таъкид карданд, ҳамаи масъулони ҷумҳурии исломӣ яксадо муътақиданд, ки бо Амрико дар ҳеҷ сатҳе музокира нахоҳад шуд.