Инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46837-Инфиҷори_террористӣ_дар_шаҳри_Ҷалолободи_Афғонистон
Манобеи хабарӣ аз инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 18, 2019 12:57 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Манобеи амниятии Афғонистон эълом карданд, ин инфиҷор имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳавзаи севуми амниятии шаҳри Ҷалолобод ва наздики маҳалли тавзеи шиносномаҳои электронӣ рӯй дод.

Аз талафот ва ҷузъиёти бештар ин инфиҷор гузорише дарёфт нашудааст.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.