Ҷалғузаҳои Афғонистон ба ранги хун аст + видео
Сентябр 23, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
Маҳсули дарахтони ҷалғӯза дар шаҳристони Хугиёнии устони Нангарҳор пас аз бомбаборони низомиёни амрикоӣ ба хуни коргарони афғон рангин шуд.
Ҷалғӯза машҳуртарин хушкбори Афғонистон аст, ки дар ҷангалҳову иртифооти ин кишвар мерӯяд.
Бомдоди рӯзи панҷшанбеи гузашта бомбаборони таҷаммуи коргарон дар шаҳристони Хугиёнии устони Нангарҳор, ки машғули ҷамъоварии Ҷалғӯза буданд, яке аз хунинтарин ҷиноёти низомиёни амрикоиро дар Афғонистон рақам зад.
Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ сивупанҷ коргар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди чиҳил нафари дигар захмӣ шуданд.
Барчасп