Оғози расмии фаъолияти Конгресси Амрико барои истейзоҳи Трамп
Нэнси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбешаб оғози расмии таҳқиқот дар хусуси истейзоҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро эълом кард.
Ба нақл аз ИРНА, Пелоси бо баёни ин, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бояд дар бораи расвоии парвандаи Украина посухгӯ бошад тасреҳ кард: Ҳеҷ касе болотар аз қонун нест.
140 намояндаи демократи Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбе дар иртибот бо мавзӯи расвоии Украина хостори истейзоҳ ва барканории Трамп шуда буданд.
Талошҳои ҷадид барои истейзоҳи Трамп ҳангоме оғоз шуд, ки ҷузъиёти муколамаи телефонии баҳсбарангези вай бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба расонаҳо дарз кард.
Трамп дар гуфтугӯи телефонӣ бо Зеленский, ки охирҳои моҳи июл сурат гирифт, аз раисҷумҳури Украина хоста буд иттилоотеро дар ихтиёраш қарор диҳад, ки метавонад ба ваҷҳаи Джо Байдан, номзади демократи интихоботи 2020 Амрико ва рақиби аслии ӯ садама ворид кунад.