Сентябр 30, 2019 15:45 Asia/Dushanbe
  • Толибон 15 нозири интихоботиро рабуд

Толибон 15 нозири комиссиюни интихоботиро дар вилояти Парвон, шимоли Афғонистон рабуданд.

Ба гузориши ИРНА, Абдулқаҳҳори Ваҳҳоб, раиси дафтари вилоятии комиссиюни интихоботии Парвон имрӯз гуфт, ин идда пас аз поёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар шаҳристон Шиноварии Парвон рабуда шуданд.

Ваҳида Шаҳкор, сухангӯи устондории Парвон низ гуфт, бузургони маҳаллӣ барои раҳоии ин нозирон бо Толибон дар тамос ҳастанд ва агар ин афрод аз тариқи музокира озод нашаванд, амалиёти низомӣ оғоз хоҳад шуд.

Гурӯҳи Толибон мардуми Афғонистонро таҳдид карда буд, ки агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 28 сентябр ширкат кунанд, ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд гирифт.

Коршиносон яке аз иллатҳои камранг будани ширкати раъйдиҳандагон дар интихоботро таҳдиди Толибон медонанд.

 

Барчасп