Размоиши муштараки Покистон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i4720-Размоиши_муштараки_Покистон_ва_Русия
Дар идомаи тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, воҳиде аз нерӯҳои заминии Русия вориди Покистон шуданд то аввалин размоиши муштараки худро ба номи "Дӯстӣ - 2016" бо нерӯҳои ин кишвар баргузор кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2016 16:32 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки Покистон ва Русия

Дар идомаи тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, воҳиде аз нерӯҳои заминии Русия вориди Покистон шуданд то аввалин размоиши муштараки худро ба номи "Дӯстӣ - 2016" бо нерӯҳои ин кишвар баргузор кунанд.

Ин размоиш ба муддати ду ҳафта ва аз бистучаҳоруми сентябр то даҳуми октябр баргузор мешавад.

Нахустин размоиши муштараки Покистон ва Русия дар ҳоле баргузор мешавад, ки ин ду кишвар дар замони ҷанги сард дар ду урдугоҳи Шарқ ва Ғарб ва ба гунае дар таззод бо якдигар қарор доштанд. Аз ин рӯ, нозирони сиёсӣ баргузории размоиши муштараки Русия ва Покистонро гоме муҳим барои тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар талаққӣ мекунанд. Ба ҳамин далел, давлати Ҳинд, ки аз равобити роҳбурдӣ бо Русия бархурдор аст, ба размоиши муштараки Покистон ва Ҳинд вокуниш нишон дода ва эълом кардааст, ҳамкориҳои низомии ду кишварро бо нигаронӣ думбол мекунад.

Ба гуфтаи генерал Осим Салим Боҷва, сухангӯ ва мудири кулли равобити умумии артиши Покистон нахустин размоиши муштараки ин кишвар бо Русия мавсум ба "Дӯстӣ-2016" дар манотиқе аз иёлати Хайбар Пухтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ё дар минтақаи Гилгит, дар наздикии Ҳинд баргузор мешавад.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, баргузории размоиши муштараки Покистон ва Русия ба гунае баёнгари тағйири ороиши ҳамкориҳои минтақаӣ, ба хусус дар бахши низомӣ аст.

Ахиран равобити Покистон бо Амрико муташанниҷ шуда ва Вашингтон ҳамчунон Исломободро барои ҳамкории бештар дар умури Афғонистон таҳти фишор қарор медиҳад. Ба ҳамин далел, давлати Покистон эълом кардааст, ки гузинаҳое ғайр аз Амрико ва Ғарб барои Исломобод вуҷуд дорад ва ба ҳамин далел Покистон дар садади тавсеаи ҳамкориҳои худ бо Русия ва Чин баромада аст. Дар ин ҳол, Маскав низ, ки ба хотири масоиле назири Украина бо Ғарб, ба хусус Амрико мушкил пайдо кардааст, мекӯшад бо ҷазби кишварҳои ҳозир дар урдугоҳи Ғарб, ҳамчун Покистон мавқеияти минтақаии худро дар абъоди низомӣ ва амниятӣ тақвият кунад.

 Ҳинд низ дар солҳои ахир ба самти тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва мушакӣ бештар бо Амрико ва режими саҳюнистӣ майл дорад. Имзои қарордоди рӯзи гузаштаи Ҳинд бо Фаронса барои хариди ҷангандаҳои "Рофол" бори дигар нишон дод, ки Деҳлии нав бо харидҳои калони низомӣ ва тақвияти мавқеияти низомияш дар садади бартариҷӯӣ дар минтақаи ҷануби Осиё аст. Ин сиёсати Ҳинд ба рақобатҳои таслиҳотӣ ва ёргириҳои минтақаӣ доман мезанад.

Аз дидгоҳи Покистон, Русия ки ахиран дар Сурия қудрати низомии худро барои муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба намоиш гузошт ва омодагии худро низ барои ҳамкорӣ бо Толибони Афғонистон ҷиҳати муқобила бо ДИИШ –и фаъол дар ин кишвар эълом кардааст, метавонад ҳамкор ва шарики муносибе барои Покистон дар муқобила бо терроризм ҳам бошад. Ба ҳамин далел, интихоби иёлати Хайбар Пухтунхоҳ ба унвони маҳалли баргузории размоиш метавонад ҳушдоре ба гурӯҳҳои террористӣ бошад.

Дар ҳар ҳол, баргузории размоиши муштараки Русия ва Покистон баёнгари талоши ин кишвар барои дастёбӣ ба бозорҳои мутанаввеи низомӣ ва коҳиши вобастагиаш ба саноеи низомии Ғарб аст. Исломобод нигарони паёмадҳои тавсеаи ҳамкориҳои Ҳинд бо режими саҳюнистӣ ва Амрико низ ҳаст. Зеро Амрико нишон додааст, ки интихоби муттаҳиди минтақаияш Ҳинд аст ва ҳамин мавзӯъ Покистонро аз ҳамкорӣ бо Вашингтон ба самти Маскав савқ медиҳад.