Идомаи шиканҷаи мусалмонон дар Миянмар
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Миянмар дар гузорише ҷадид эълом кард, ки мусалмонони роҳингягӣ дар ин кишвар ҳамчунон таҳти шиканҷа ва озору азият қарор доранд.
Ба нақл аз ИРНА, Янг Ҳи Ли, бозрас ва намояндаи вижаи Созмони Милал бо ироаи гузорише ба ин созмон эълом кард: Шароит дар Миянмар барои мусалмонон ҳамчунон бисёр маргбор ва ваҳшатнок аст ва ин кишвар макони амне барои бозгашти оворагони паноҳёфта дар Бангладеш нест.
Бозраси мустақили Созмони Милал афзуд: Миянмар то кунун натавониста аст ба озор ва азият алайҳи мусалмонони роҳингягӣ дар иёлати Рохин поён диҳад. Барои ҳамин оворагон набояд аз Бангладеш ба Миянмар бозгарданд.
Беш аз 750 ҳазор роҳингягӣ дар соли 2017 бо фирор аз ҷанг ва қатли оми артиш ва буддоиёни ифротӣ дар иёлати Рохин, аз Миянмар ба Бангладеш муҳоҷират карданд ва акнун дар хаймаҳои ин кишвар сокин ҳастанд.