Октябр 07, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи бемористонҳои Кения аз дармони маънавӣ

Бемористонҳои Кения аз дармони маънавӣ истифода мекунанд.

Бемористони миллии Кениатта (Kenyatta) дар Найроби толори калисо ва як масҷид дорад ва ба гуфтаи пизишкон ва парасторон, ин маконҳо ба унвони дармони маънавӣ дар тамомии рӯзҳои ҳафта мавриди истифода қарор мегирад.

Бемористони миллии Кениатта дар кишвари африқоии Кения иқдом ба эҷоди ду толри ҷудогонаи калисо ва масҷид барои пайравони адёни Ислом ва Масеҳият кардааст, то беморон, мулоқоткунандагон, пизишкон ва коркунони бемористон фазое барои хондани намоз ва ибодат дошта бошанд.

Ибодатхонаи ин бемористон дар як гӯшаи сокит ба дӯр аз фазои пурсару садои бемористон сохта шудааст.

Як масҷид барои мусулмонон ва ибодатгоҳи ҷудогона барои масеҳиёни католик ва протестант дар ин бемористон эҷод шудааст. Пизишкон мегӯянд, ки фазои ибодатгоҳ дар илтиёми беморон нақши муассире доштааст.

Доктор Зипуро Алӣ, як пизишки бахши муроқибати вижа ва мудири иҷроии Анҷумани муроқибатҳои таскини бемористон мӯътақид аст, ки маънавиёт бавижа барои бемороне, ки аз дардҳои музмин ранҷ мебаранд, барои беҳбуд бисёр муассир аст.

Доктор Алӣ афзуд, мо бо парасторон ва сарпарастон кор мекунем ва ба онҳо дар мавриди аҳаммияти муроқибати маънавӣ барои такмили муроқибатҳои пизишкӣ омӯзиш медиҳем.

Раҳмат Камоу, як парастори аршад дар Найроби, мегӯяд, ки вай поённомаи худро дар мавриди ниёзҳои маънавӣ дар беморони мубтало ба саратони бузургсол анҷом дода ва дарёфта, ки маънавиёт муҳиммтарин василаи муқобила барои бештари беморон аст.