Октябр 12, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • Поксозии 12 минтақаи Афғонистон аз ишғоли гурӯҳи Толибон

Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, дар шаш моҳи гузашта 12 минтақаи ин кишвар ба таври комил аз ишғоли Толибон поксозӣ шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Тулуъ” -и Афғонистон, Вазорати дифои ин кишвар рӯзи шанбе бо интишори гузорише афзуд, нерӯҳои артиш ва амниятии Афғонистон бо поксозии 12 минтақа, аз ҷумла вилоёти Ғазнӣ, Бадахшон, Кундӯз, Тахор ва Форёб аз ишғоли гурӯҳи Толибон, хисороти сангине ба ин гурӯҳ ворид карданд.

Тибқи ин гузориш, шаҳристонт Дашти Арчӣ дар вилояти Кундӯз, дар шимоли Афғонистон бомдоди имрӯз аз ишғоли Толибон поксозӣ шудааст.

Амалиёти поксозӣ дар бархе манотиқи таҳти контроли Толибон ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп