Путин: Эрон як қудрати минтақаӣ аст ва бояд бо эҳтиром бо он бархӯрд шавад
(last modified 2019-10-13T14:38:14+00:00 )
Октябр 13, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Путин: Эрон як қудрати минтақаӣ аст ва бояд бо эҳтиром бо он бархӯрд шавад

Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо Аларабия гуфт: Эрон як қудрати минтақаӣ аст ва ҳазорон сол аст, ки эрониҳо дар ин кураи хокӣ вуҷуд доранд, табъан манофеи хоси худро доранд ва бояд бо эҳтиром бо он бархӯрд шавад.

Раисҷумҳури Русия дар хусуси БАРҶОМ дар посух ба ин пурсиш, ки оё Маскав музокираи дубора барои эҷоди бандҳои ҷадид дар ин тавофуқ дар бораи барномаи мушакии Эронро тасдиқ мекунад ё на гуфт: Тарҳе ба номи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё ҳамон тавофуқномаи марбут ба барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад ва Эрон бар асоси он тааҳҳудоти мушаххасеро бар ӯҳда гирифтааст.

Путин афзуд: Ин одилона нест, ки иттиҳомоте ба Эрон дар бораи мавориде, ки онҳоро анҷом надода, зада шавад.

Ҳангоме, ки шахсе ё тарафе бо мушобеҳи ин зулм рӯбарӯ шавад, рафторе мутафовит дар пеш мегирад. Агар ба тааҳҳудоти мутақобилаш амал накунад, чаро ӯ бояд ба таҳҳудоти худ амал кунад, бо ин вуҷуд Эрон беҳтар аст ба матн ва рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ пойбанд бошад.

Дар бораи барномаи мушакӣ ҳам имкони баҳс дар бораи он вуҷуд дорад, аммо барномаи мушакӣ як чиз аст ва барномаи ҳастаӣ чизи дигар. Ин ба маънои он нест, ки сӯҳбат дар бораи ин мавзӯъ зарурӣ нест, амо ниёзе нест, бавижа агар мунҷар ба нигаронӣ шудааст. Ин масъала набояд дар масъалаи дигар идғом шавад, то мунҷар ба нобудии дастоварди бадастомада шавад.