Ҳазфи ҳисобҳои корбарии “Фейсбук” ба иттиҳоми иртибот бо Эрону Русия
Шабакаи иҷтимоии амрикоии "Фейсбук" рӯзи душанбе даҳҳо ҳисоби корбарӣ, сафҳа ва гурӯҳро бо баҳонаи муртабит будан бо Эрону Русия ҳазф кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, "Фейсбук" дар баёнияе эълом кард, 135 ҳисоби корбарӣ, 26 сафҳа ва 4 гурӯҳро дар ин шабакаи иҷтимоӣ ва 21 ҳисоби корбариро низ дар “Инстаграм” ба далели он чӣ иртибот бо Эрон хонд, ҳазф кардааст. "Фейсбук" ҳамчунин як ҳисоби корбарӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ва 50 ҳисоби корбарӣ дар “Инстаграм”-ро низ ба иттиҳоми иртибот бо Русия ҳазф кард.
"Фейсбук" ва дигар шабакаҳои иҷтимоии амрикоие монанди “Твиттер”, ки муддаии озодии баён ҳастанд, то кунун ҳазорон ҳисоби корбарӣ, сафҳа ва гурӯҳи муртабит бо Эрону Русияро бо иддаои интишори ахбори ҷаълӣ ва "рафторҳои номуътбар" ҳазф кардаанд.
Ахиран гузоришҳое дар мавриди ҳамкории "Фейсбук" ва "Твиттер" бо созмонҳои иттилоотии Амрико ва режими саҳюнистӣ мунташир шудааст. Нашрияи амрикоии “Intercept” ахиран эълом карда буд, ки "Фейсбук" ба дастури давлати Амрико ва мақомҳои режими саҳюнистӣ сафаҳот ва матолиби бархе аз фаъолонро ҳазф мекунад.