Амир Абдуллоҳиён ; Амрико ва муттаҳидонаш дар садади эҷоди ноамнӣ дар Ироқ ҳастанд
(last modified 2019-10-26T08:17:28+00:00 )
Октябр 26, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён ; Амрико ва муттаҳидонаш дар садади эҷоди ноамнӣ дар Ироқ ҳастанд

Дастёри вижаи маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмиллал таъкид кард ; Амрико ва муттаҳидонаш дар садади эҷоди ноамнӣ ва бесуботӣ дар ин кишвар ҳастанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои хуросон , Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён , дар саҳифаи шахсии худ дар ТВИТТЕР навишт ; Амрико , режими Саҳюнистӣ ва Арабистон бо суистифода аз мутолиботи воқеъии мардуми Ироқ , ва бо  ҳамкории баъсиҳо ва нуфузиҳо , дар садади барандозии давлати мунтахаби мардуми Ироқ ва заминасозӣ барои мудохила ҳастанд.

 Амир Абдуллоҳиён афзуд ; роҳи ҳали мушкилоти кунунии Ироқ , таваҷуҳи ҷидӣ ба мутолиботи маишатии мардум ва хуруҷи фаврии низомиёни амрикоӣ аст.

Ироқ таи рӯзҳои ахир шоҳиди тазоҳуроте дар эътироз ба вазияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ аст.

 Одил Абдулмаҳдӣ , нахуствазири Ироқ ҳамзамон бо тазоҳуроти мардум , маҷмуъае аз ислоҳоти сиёсиро дар давлат Эълом кард ва қавлҳое ба мардуми Ироқ дод.

Барчасп