Ифтитоҳи аввалин масҷиди шаҳри Аттлеборо дар Амрико
Октябр 29, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
Аввалин масҷид ва маркази исломии шаҳри Аттлеборо (Attleboro) дар иёлати Массачусетси Амрико ифтитоҳ шуд. Масҷиди “Ёсин” дирӯз, якшанбе, тай маросиме дар ин шаҳр ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши ИКНА, маҳалли ин масҷид қаблан як фурӯшгоҳ будааст. Ба гуфтаи Умар Салавот, тоҷири бознишастаи маҳаллӣ, ин фурӯшгоҳ тайи як моҳ тағйири корбарӣ дод ва ба як макони муносиб барои ҷомеаи мусалмони минтақа табдил шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин масҷид шуморе аз мақомоти шаҳрӣ, аз ҷумла шаҳрдор, намояндаи сенати иёлатӣ ва кашиш Шрил Ҳарис аз калисои баптист ҳузур доштанд. Ҳарис дар суханонияш гуфт, ифтитоҳи ин масҷид фурсати муносиб барои мардуми Аттлеборо барои дидану таҷрибаи танаввӯи рӯ ба рушд дар ҷомеа аст.
Барчасп