Таркиши 6 бомб дар муқобили як масҷид дар вилояти Логари Афғонистон
Мабнобеи афғон шанбешаб аз таркиши 6 бомб дар вилояти Логар дар шарқи ин кишвар хабар доданд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, манобеи афғон эълом карданд ин бомб асри шанбе дар муқобили вурудии масҷиди ҷомеи Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ин вилоят таркидааст.
Аз талафот ва хисоратҳои эҳтимолии ин таркишҳо ҳануз гузорише мунташир нашудааст.
Минтақаҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла вилояти Логар дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалот ва таркишҳои террористӣ будааст.
Афзоиши ноамниҳо да Афғонистон муҷиби эътирози мардуми ин кишвар шудааст.
Гуруҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин гуруҳи Толибон то кунун масъулияти ағлаби ҳамалот ва таркишҳои террористиро дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон бар уҳда гирифтаанд.
Афзоиши ноамнӣ ва фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доранд.
Бар асоси эъломи мақомоти Кобул, ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон танҳо муҷиби афзоиши ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст.