Ноябр 05, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳузури диишиҳои хориҷӣ дар шимоли Афғонистон

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон аз ҳузури дубораи диишиҳои хориҷӣ дар ин манотиқ хабар дода, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Толибону ДИИШ дар вилоёти Форёб ва Сарипул сухан гуфтаанд.

Нақибуллоҳ Фоиқ, волии Форёби Афғонистон, ки ин рӯзҳо дар пойтахт ба сар мебарад, дар нишасти матбуотӣ аз ҳузури 40 хонаводаи диишӣ дар шаҳристонҳои ин вилоят хабар дод, ки дар манотиқи таҳти контроли Толибон ҷо ба ҷо шудаанд. Вай афзуд, иттилооте дар ихтиёр дорад, ки диишиҳо афроди гурӯҳи Толибонро дар заминаи партоби хумпора ва тактирандозӣ омӯзиш медиҳанд ва Толибон ҳам дар бахши таҷҳизот бо диишиҳо ҳамкорӣ мекунанд. Волии Форёби Афғонистон гуфт, ки ҳузури дубораи ДИИШ дар шимол таҳдиди ҷиддӣ барои амният буда ва нигарониро афзоиш додааст. Манобеи маҳаллӣ бо таъйиди ҳузури ДИИШ дар ин устон мегӯянд, диишиҳое, ки дар Сарипул ҳузур ёфтаанд, ба силоҳҳои дид дар шаб муҷаҳҳаз ва бештар аз аҳолии Тоҷикистон, Узбакистон ва Чеченистон ҳастанд.

Ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон ба ду соли гузашта бармегардад, ки дар вилоятҳои Ҷузҷон, Сарипул ва Форёб ба сурати густарда ҳузур ёфта ва аз ин манотиқ шумори зиёди сарбоз барои худ ҷазб карданд.

Тобистони соли гузашта як гурӯҳи 200-нафарии ДИИШ, ки дар вилояти Ҷузҷон бо Толибон машғули набарди сангин буд, ба фармондеҳии Мавлавӣ Ҳабибурраҳмон ба давлат таслим шуд. Давлати Афғонистон эълом кард, ки афроди ДИИШ пас аз таслим ба маркази вилояти Ҷузҷон мунтақил шудаанд, аммо сарнавишти ин диишиҳо пас аз он рӯшан нашуд.

 

Барчасп