Ноябр 10, 2019 21:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости Меркел барои тавсиаи таслиҳотӣ дар Иттиҳодияи Аврупо

Садри аъзами Олмон эҷоди системаҳои таслиҳотии ҷадид ва тавсиаи он, бавижа дар заминаи танкҳо ва ҳавопаймоҳои модернро дар Иттиҳодияи Аврупо хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Ангела Меркел, Садри аъзами Олмон имрӯз якшанбе дар паёми видеоӣ гуфт: Фаронса ва Олмон ба таври муштарак системаҳои таслиҳотии ҷадидро дар оянда эҷод хоҳанд кард, ки шомили пружаи сохти ҳавопаймо ва танк аст.

Садлри аъзами Олмон афзуд: Муаллафаи низомӣ бояд дар хидмати сиёсати хориҷӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи Аврупо бошад.

Ин мавзӯъ пас аз он тарҳ мешавад, ки Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Экономист", зимни интиқод аз ноҳамоҳангии Амрико бо соири аъзои НАТО дар тасмимгириҳои роҳбурдӣ тасреҳ кард: НАТО дучори марги мағзӣ шудааст ва кишварҳои аврупоӣ дигар наметавонанд барои дифоъ аз худ ба Амрико такя кунанд.

 

Барчасп