Ноябр 12, 2019 18:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Комиссияи интихоботи Афғонистон бар эътибори орои биометрӣ

Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, танҳо орои биометриро муътабар медонад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҳавво Алам Нуристонӣ бо ишора ба ин ки танҳо орои биометрӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эътибор дорад, аз тимҳои интихоботӣ хост, то ба тасмимҳои Комиссияи интихобот эҳтиром бигузоранд. Раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон ҳамчунин аз таълиқи бозшумории ороъ дар 13 вилоят ва эҳтимоли таъхири дубора дар эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ хабар дод.

Комиссияи интихоботи Афғонистон рӯзи шанбе раванди бозшумории орои беш аз 2400 сандуқи раъйро оғоз кард. Бозшумории шуморе аз сандуқҳои раъй дар Афғонистон дар ҳоле дар дастури кори Комиссияи мустақили интихоботи ин кишвар қарор гирифтааст, ки ситодҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматиёр ва Раҳматуллоҳ Набил, аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон назорат бар бозшумории орои интихоботро таҳрим кардаанд.

Эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки ба 14 ноябр мавкул шуда, мумкин аст, боз ҳам ба замони дигаре мавкул шавад.

 

Барчасп