Интиқод аз дахолати Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар интихоботи Афғонистон
(last modified Sat, 16 Nov 2019 14:58:29 GMT )
Ноябр 16, 2019 19:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз дахолати Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар интихоботи Афғонистон

Узви Камиссиони интихоботи Афғонистон, Дафтари намояндагии Созмони Миллал и Муттаҳид дар ин кишвар (UNAMA)-ро аз дахолат дар умури интихоботи Афғонистон бар ҳазар дошт.

Ба нақл аз садо ва симо, мавлавӣ Абдуллоҳ рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар  Афғонистон бояд бетарафии худро дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳифз кунад ва набояд дар умури интихобот дахолат кунад.

Узви Камиссиони интихоботи Афғонистон зимни интиқод аз дахолати Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар ин кишвар афзуд, мсъулони ин дафтар мушкилот ва чолишҳои Камиссиони интихоботи Афғонистонро воруна мунъакис кардаанд.

Пештар Шурои номзадони раёсат ҷумҳурии Афғонистон ҳам зимни интиқод аз дахолати Дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Кобул, аз ин ниҳоди байналмиллалӣ хоста буд дар умури интихоботи Афғонистон дахолат накунад.

Эъломи натиҷаҳои аввалияи интихоботи раёсат ҷумҳурӣ 28 сентябри Афғонистон, ки ба рӯзи  14 ноябр  ақиб афтода буд, мумкин аст боз ҳам таъхир  дошта бошад.