Олмон ва Фаронса ҳам аз иғтишошот дар Эрон ҳимоят карданд
(last modified Tue, 19 Nov 2019 06:40:25 GMT )
Ноябр 19, 2019 11:40 Asia/Dushanbe
  • Олмон ва Фаронса ҳам аз иғтишошот дар Эрон ҳимоят карданд

Давлати Олмон ва Вазорати умури хориҷаи Фаронса рӯзи душанбе бо интишори баёнияе аз иғтишошоти ахир дар Эрон ҳимоят карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо,  давлати Олмон дар баёнияи худ иғтишошот ва нооромиҳо дар Эронро таҷамуоти машруъ хонд ва аз он ҳимоят кард.

Вазорати хориҷаи Фаронса низ дар баёнияи худ бо иддаои пуштибонӣ аз озодии баён аз ошубгарон дар Эрон ҳимоят кард.

Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико ҳам, ки кишвараш парвандаи қатуре аз мудохила дар умури дохилии Эрон дорад шанбешаб дар Твиттер бо ишора ба эътирозоти пароканда дар теъдоде аз шаҳрҳои Эрон муддаӣ шуда буд Вашингтон аз мардуми Эрон ҳимоят мекунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбешаб дар вокуниш ба ибрози ҳимоят ва ҳамроҳии Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико бо иддае ошубгар дар бархе шаҳрҳои Эрон гуфт, иқдомоти иддае ҳарҷу марҷ талаб ва тахрибгари мавриди ҳимояти амсоли Помпео ба ҳеҷ ваҷҳ шабиҳи равишу маниши мардуми фаҳиму басири Эрон надорад.

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи нархи бензин дар Эрон аз бомдоди рӯзи ҷумъа дар бархе шаҳрҳои Эрон эътирозоти парокандае шакл гирифт. Ин эътирозот дар бештари нуқот мусолиматомез, аммо дар бархе маконҳо бо сӯистифодаи шуморе аз авбош аз мутолиботи мардум ба бероҳа рафт.