Ноябр 20, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Мақоми Афғонистон: раванди интихобот буҳронӣ аст

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон вазъияти раванди интихоботи раёсат ҷумҳурӣ дар ин кишварро буҳронӣ хонд.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулуъ, Муҳаммад Муҳаққиқ ба ҳамроҳи шуморе аз сиёсатмадорон ва намояндагони Маҷлиси Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар сафар ба вилояти Ҷавзҷон Комиссиони мустақили интихоботро ба ҷонибдорӣ аз тими интихоботии Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар муттаҳам кард ва гуфт, бояд аз вуқуи ин буҳрон пешгирӣ шавад.

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳайати Созмони Миллали Муттаҳид мустақар дар ин кишварро ба гирифтани ришва ва ҷонибдорӣ аз як тими интихоботии хос муттаҳам кард ва афзуд, танҳо бо пешгирӣ аз вуқуи буҳрон метавон дар кишвар сулҳ барқарор кард.

Муҳаммад Муҳаққиқ дар сафар ба Ҷавзҷон бо Абдурашид Дустум муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки аз чанд моҳи пеш дар Шабарғон маркази ин вилоят зиндагӣ мекунад низ дидор кард.

Абдурашид Дустум ҳам бар барқарории сулҳ дар Афғонистон таъкид кард ва гуфт, ҳамеша ҷанг роҳи ҳал нест.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд ва натиҷаҳои аввалияи он то кунун ба иллати эътироз ба шумориши овозҳо се бор ба таъвиқ афтодааст.

Барчасп