Фарохон барои баргузории тазоҳурот алайҳи Трамп дар Лондон
Гурӯҳҳои маданӣ ва мухолифи иқдомоти раисиҷумҳури Амрико дар Лондон, барои баргузории тазоҳурот алайҳи ӯ, фарохон доданд.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, мухолифони сиёсатҳои Донолд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе эълом карданд, дар сафари ояндаи ӯ ба Лондон омодаи баргузории тазоҳуроти густурда ҳастанд.
Ин гурӯҳҳо, ки пеш аз ин низ иқдоме мушобеҳ сурат дода буданд, эълом карданд, дар моҳи декабри 2019 дар маркази Лондон таҷаммӯоти эътирозиро алайҳи раисиҷумҳури Амрико барқарор мекунанд.
Мухолифон Трамп гуфтанд, эҳтимолан эътирози аслӣ, 3 декабр ҳамзамон бо меҳмонии шоми раисиҷумҳури Амрико дар Кохи Букингем бо мақомоти баландпояи Бритониё баргузор хоҳад шуд.
Дар охирин сафари Трамп ба Лондон, ки дар моҳи июл сурат гирифт, даҳҳо ҳазорнафар бо баргузории тазоҳурот эътирози худро нисбат ба Трамп нишон доданд.
Беш аз 200 ҳазор мӯътариз дар хиёбонҳои марказии Лондон, низ соли 2018 тазоҳурот карданд ва шиорҳое алайҳи Трамп сар доданд.
Трамп яке аз манфуртарин раисони ҷумҳури Амрико дар байни мардуми Бритониё аст, ба тавре, ки бар асоси назарсанҷии ахир, фақат 21 дарсади бритониёиҳо дидгоҳи мусбате ба вай доранд. Ин рақам дар байни занон, танҳо 14 дарсад аст.