Иттиҳоми хиёнати миллӣ ба раиси ҷумҳури Афғонистон
Як узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон муддаӣ шуд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар бо озодии зиндониёни гуруҳи террористии ДИИШ муртакиби хиёнати миллӣ шудааст.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Болқис Рушан намояндаи мардуми вилояти Фараҳ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Афғонистон Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури ин кишварро ба озод кардани садҳо зиндонии ДИИШ муттаҳам кард ва гуфт, Ашраф Ғанӣ бо озод кардани ин ашхос дар вилояти Нангарҳор муртакиби хиёнат миллӣ шудааст.
Ин намояндаи Маҷлиси Афғонистон бо ишора ба ин ки бо озодии зиндониёни диишӣ ва бозгашти онҳо ба майдонҳои ҷанг шумори бештаре аз низомиёни афғон кушта хоҳанд шуд афзуд, озодии ин ашхос ба нигаронии ҷиддии сокинони вилояти Кунар низ табдил шудааст.
Болқис Рушан ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Ашраф Ғанӣ барои ба даст овардани дубораи ҷойгоҳи раёсат ҷумҳурӣ бо амрикоиҳо созиш карда ва ба ҳамин иллат Унс Ҳақонӣ ва ду саркардаи дигари Толибонро аз зиндон озод кардааст.
Давлати Афғонистон ҳафтаи гузашта эълом кард, ҳудуди шашсад диишӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар худро таслими нерӯҳои давлатӣ кардаанд ва Ашраф Ғанӣ низ аз хотимаи кори ДИИШ дар шарқи Афғонистон хабар дод.