Декабр 01, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҳикматёр барои баргузории муҷаддади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Раиси тими интихоботии "Сулҳ ва адолати исломӣ" -и Афғонистон баргузории муҷаддади интихоботи раёсатҷумҳуриро ба иллати шаффоф набудан хостор шуд.

Ба гузориши Тасним, Гулбидин Ҳикматёр бо интиқод аз Комиссияи интихоботи Афғонистон гуфт, бо гузашти беш аз ду моҳ аз баргузории интихобот ҳанӯз натиҷаҳои аввалия эълом нашудааст.

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон бо ишора ба он, чи дахолати давлати Ашраф Ғанӣ дар раванди баргузории интихобот номид, афзуд, беҳтар аст давлати муваққат ташкил шавад.

Дархости Ҳикматёр барои баргузории муҷаддади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле аст, ки вай пас аз баргузории интихоботи 28 сентябр худро пирӯзи интихобот хонда буд.

 

Барчасп