Дидори барномарезинашудаи Эрдуғон бо Трамп дар ҳошияи нишасти НАТО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48851
Раисони ҷумҳурии Туркия ва Амрико дар иқдоме барномарезинашуда, дар ҳошияи иҷлоси НАТО дар Лондон бо ҳам дидор карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 04, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори барномарезинашудаи Эрдуғон бо Трамп дар ҳошияи нишасти НАТО

Раисони ҷумҳурии Туркия ва Амрико дар иқдоме барномарезинашуда, дар ҳошияи иҷлоси НАТО дар Лондон бо ҳам дидор карданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия имрӯз (чаҳоршанбе) бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ дар Англия дидор кард.

Ба гузориши “Форс”, ин дидор дар ҳошияи иҷлоси Созмони Паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) дар Лондон анҷом шудааст.

Хабарнигори вебгоҳи “Мидделист монитор” мегӯяд, ин дидор аз пеш барномарезишуда набуд ва эҳтимолан ба дархости яке аз ду тараф анҷом шудааст.

Дар ин дидор, ки ҳудуди ним соат тӯл кашида, Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷа, Барот Албирақ, вазири дороӣ, Ҳулуси Окор, вазир дифоъ ва Иброҳим Колин, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Туркия ҳузур доштанд.

Ба далели иҷоза надоштани асҳоби расона барои ҳузур дар ин нишаст, ҷузъиёти бештаре аз ин дидор ҳанӯз мунташир нашудааст.