Рябков: Мушкилоти марбут ба БарҶом дар ҳоли афзоиш аст
(last modified Fri, 06 Dec 2019 11:26:19 GMT )
Декабр 06, 2019 16:26 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Мушкилоти марбут ба БарҶом дар ҳоли афзоиш аст

Муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, мушкилоти марбут ба БарҶом ба ҷойи ҳал шудан, дар ҳоли анбошт ё афзоиш аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сергей Рябков бо ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар қиболи БарҶом гуфт, сустии тарафҳои БарҶом дар хусуси тазмини мондагории ин тавофуқ муҷиби бозгаштнопазирии авзоъ хоҳад шуд.

Рябков афзуд, Амрико ба дунболи нобудии БарҶом аст ва мехоҳад иродаи сиёсии худро бар дигарон таҳмил кунад.

Муовини вазири хориҷаи Русия ҳамчунин ба нишасти рӯзи ҷумъаи комиссияи муштараки БарҶом дар Вена ишора кард ва гуфт, дар ин нишаст дар бораи наҷоти БарҶом баҳсу ройзанӣ хоҳад шуд.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом (8 майи соли 2018) ваъда доданд, бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо бо вуҷуди истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и ин тавофуқ муаллақ мекунад.

Эрон то кунун дар 4 гом аз тааҳҳудоти барҷомиаш коста ва тасреҳ кардааст, ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БарҶом гомҳои лозимро барои ифои тааҳҳудоти худ бардоранд, ба суръат қобили бозгашт ҳастанд.