Иқдоми бесобиқа алайҳи Исроил дар Амрико
Декабр 07, 2019 19:04 Asia/Dushanbe
Маҷлиси намояндагони Конгираи Амрико барои нахустинбор ба қатъномае овоз дод, ки бо илҳоқи минтақаҳои ишғолии соҳили ғарбии рудхонаи Урдун ба Исроил мухолифат мекунад.
Ба нақл аз хабаргузории Бурно, ин қатънома бо 226 овози мувофиқ ва 188 овози мухолиф ба тасвиб расид.
Иқдоми феълии Маҷлиси намояндагони Конгираи Амрико дар ҳоле анҷом мешавад, ки давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико иқдомоти зиёде дар ҳимоят аз Исроил анҷом дода ва аз ҷумла бо ба расмият шинохтани Уршилм ба унвони пойтахти режими Саҳюнистӣ сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил кардааст.