Эътирофи раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон ба тақаллуб дар интихобот
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49029-Эътирофи_раиси_Комиссияи_интихоботи_Афғонистон_ба_тақаллуб_дар_интихобот
Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эътироф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 10, 2019 16:42 Asia/Dushanbe

Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эътироф кард.

Ҳавво Алам Нуристонӣ дар нишасте дар бораи раванди интихоботи Афғонистон гуфт, 12 ҳазору 650 корманди интихоботӣ ба далели хато, тахаллуф ва ҷароими марбута ба Комиссия шикоёти интихоботӣ муаррифӣ шудаанд. Нуристонӣ ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки Асадуллоҳ Саодатӣ, муовини дувуми раиси тими интихоботии «Субот ва ҳамгироӣ» Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро ба беэътиноӣ нисбат ба тахаллуфоти интихоботӣ муттаҳам карда буд.

Ҳамкорамон Саидзода дар гузориши вижа ба ин мавзӯъ пардохтааст.