Ҷарима шудани Трамп ба хотири сӯиистифода аз маблағи хайрия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49052-Ҷарима_шудани_Трамп_ба_хотири_сӯиистифода_аз_маблағи_хайрия
Трамп ба хотири сӯиистифода аз маблағи хайрия, 2 миллион доллар ҷарима шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 11, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷарима шудани Трамп ба хотири сӯиистифода аз маблағи хайрия

Трамп ба хотири сӯиистифода аз маблағи хайрия, 2 миллион доллар ҷарима шуд.

Раисҷумҳури Амрико ба хотири масрафи маблағи хайрияи дарёфтӣ дар маъракаи интихоботиаш, маҷбур шуд 2 миллион доллар ба 8 муассисаи хайрия кумак кунад.

Ба гузориши “Форс”, Латишия Ҷеймз, додситони кулли шаҳри Ню-Йорк рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, дафтари ман ба мубориза ҷиҳати ҷавобгӯ будан идома хоҳад дод, зеро ҳеҷ кас фаротар аз қонун нест на як фарди тоҷир, на як кондиди раёсатҷумҳурӣ ва на ҳатто раисҷумҳури Амрико”.

Трамп ҳафтуми ноябр (16 обон) иттиҳоми нақзи қавонини федерал ва иёлатии таъмини молии маъракаҳоро напазируфт. Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта дар паёме твиттери навишта буд, ин иттиҳомотро қабул надорад ва тарҳи онҳоро ба демократҳои Ню-Йорк мунтасаб карда буд.

Трамп бар асоси ин ҳукм, маблағи 2 миллион доллар ба 8 муассиса ва бунёди мардумӣ пардохт кард. Ҳамчунин бунёди хайрияи ӯ ба таври комил таътил шудааст.

Дар моҳи июни 2018 (хурдоди 1397) таҳқиқоти Барбара Андруд, додситони кулли вақти Амрико, Трамп ва фарзандонашро ба сӯиистифода аз вуҷуҳи дарёфтии Бунёди Доналд Трамп ва масрафи онҳо дар маъракаи интихоботӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ муттаҳам кард.