Декабр 14, 2019 12:18 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 6 низомии Саудӣ дар марзҳои ҷунубии Арабистон

6 низомии Саудӣ дар марзҳои ҷунубии Арабистон кушта шуданд.

Ба нақл аз Форс, расонаҳои Саудӣ таи ин ҳафта дар ахбори ҷудогона аз кушта шудани ин низомиён хабар дода буданд. Ба унвони мисол хабаргузории Вос и Аарабистон , ин ҳафта дар чор хабари ҷудогона, ба иқомаи намози майит бар ҷанозаи ин низомиён ишора карда ё аз аёдати мақомоти минтақаӣ аз хонаводаҳои низомиёни кушта шуда хабар мунташир кардааст.

Арабистони Саудӣ ба унвони раҳбари Иттилофи арабии зидди Яман,ки наздик ба 5 сол ба ин кишвар лашкаркашӣ карда, ҳамвора талош мекунад омори куштаҳои худро махфӣ нигоҳ дорад.

Нерӯҳои яманӣ таи ин муддат, мувафақ ба нуфуз ва пешрави дар минтақаҳои марзии Арабистон воқеъ дар шимол ғарби Яман шуда ва бархе аз минтақаҳои Арабистонро ба кантроли худ даровардаанд ; масалае,ки боис шудааст Риёз барои ҳимоят аз марзҳои худ аз артишҳои иҷораӣ монанди артиши Судон барои таъмини амнияти марзии худ истифода кунад.

Барчасп