Декабр 15, 2019 14:53 Asia/Dushanbe
  • Сирқати иттилооти шахсии 29 корманди Фейсбук

Фейсбук ба коркунони худ ҳушдор дод иттилооти шахсӣ ва молии 29 ҳазор тан аз онон моҳи гузашта аз як худрав рубуда шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Фейсбук ба коркунони худ ҳушдор дод иттилооти шахсӣ ва молии 29 ҳазор нафар аз онон моҳи гузашта аз як худрав рубуда шудааст.

Фейсбук эълом кард, мо шоҳиди ҳеҷ гуна сӯистифода аз ин мадорик набудем ва ин танҳо як сирқат буд ва сориқон ба иттилооти ҳеҷ як аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ дастрасӣ наёфтаанд.

Ҳорд диски рубуда шуда шомили асомӣ, шумораҳои телефон, ҳисобҳои бонкӣ ва дигар иттилооти шахсии 29 ҳазор нафар аз касоне буд, ки соли гузашта дар Амрико бо Фейсбук кор карда буданд.

Ронандаи ин худрав яке аз аъзои бахши ҳуқуқ ва дастмузди ин кишвар буд ва ин ҳорд дискро дохили як сумка дар худрав қарор дода буд.

Ин дар ҳолест, ки ин мадракҳо набояд аз дафтари Фейсбук хориҷ мешуданд.