Декабр 18, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Толибон дар бораи хуруҷи ҳатмии Амрико аз Афғонистон

Сухангӯи Толибон ҳар гуна тавофуқ ва оташбас бо Амрико дар музокироти ахирро рад ва бар хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши “Форс”, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид гуфт, то кунун сӯҳбате дар мавриди тавофуқ ва ё оташбас сурат нагирифта ва музокирот феълан мутаваққиф аст ва сӯҳбатҳои матраҳшуда мабнӣ бар ин ки дар музокирот тавофуқ сурат гирифта, сиҳат надорад.

Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ба тозагӣ гуфта буд: “Мо бо Толибон дар мавриди оташбас ва коҳиши хушунат баҳс мекунем, пешниҳоди оташбас ба онҳо дода шуда ва мунтазири ҷавоб аз сӯи Толибон ҳастем. Аммо Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар вокуниш ба ин суханони Зулмай Халилзод гуфт, феълан музокирот мутаваққиф аст ва ҳеҷ гуна сӯҳбате дар мавриди оташбас ва тавофуқ сурат нагирифтааст ва баҳс дар ин маврид ба идомаи музокирот, ки қарор аст ба зудӣ аз сар гирифта шавад, бастагӣ дорад”.

Сухангӯи Толибон таъкид кард: “Ҳеҷ гуна сӯҳбате мабнӣ бар оташбас ва тавофуқ воқеият надорад ва ман ҳеҷ гуна баҳс рӯйи оташбас ва тавофуқро таъйид намекунам”.

Вай афзуд, оташбас пас аз поёни ишғоли Афғонистон имконпазир аст ва баъд аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, афғонҳо байни худ гуфтугӯ хоҳанд кард ва мумкин аст дар ин маврид тасмимгирӣ шавад.

Вай дар мавриди изҳороти давлати Афғонистон мабнӣ бар тавофуқи ин кишвар бо Амрико мабнӣ бар хуруҷи 4 ҳазор нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон зарурӣ аст ва бояд ҳамаи амрикоиҳо аз Афғонистон хориҷ шаванд, зеро ҳузури онҳо боиси идомаи ҷанг дар кишвари мо шудааст.

Муҷоҳид хотирнишон сохт, мушкили Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.

 

Барчасп