Ҳушдор дар бораи мавҷи нави муҳоҷират аз Афғонистон
(last modified Thu, 19 Dec 2019 08:04:03 GMT )
Декабр 19, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи мавҷи нави муҳоҷират аз Афғонистон

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон ҳушдор дод агар пеши афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар гирифта нашавад, мавҷи нави муҳоҷират рух хоҳад дод.

Саид Ҳусайни Оламӣ Балхӣ дар маросими Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар Кобул, бо баёни ин ки Афғонистон бо ноамнии шадид ру ба ру аст ва ҳануз заминаи бозгашти муҳоҷирон ба ин кишвар фароҳам нест гуфт, таи панҷ соли гузашта беш аз чаҳор миллион паноҳҷӯ ва дар соли 2019 ҳудуди 500 ҳазор нафар ба Афғонистон бозгашта, ки бештари онҳо дар Эрон ва Покистон иқомат доштаанд.

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон тасреҳ кард, дар соли равон беш аз 603 ҳазор нафар дар дохили ин кишвар хонаҳои худро аз даст додаанд, ки агар ба онон расидагӣ нашавад иқдом ба муҳоҷират хоҳанд кард.

Ба гуфтаи вазири муҳоҷирини Афғонистон, аз соли 2002 то 2018 маҷмуи бозгашткунандагон ба ин кишвар ба 10 миллиону 163 ҳазор ва 505 тонна расида, аммо ҳануз беш аз шаш миллиону 500 ҳазор муҳоҷири афғон дар берун аз Афғонистон ба сар мебаранд.

Ҳушдори вазири умури муҳоҷирини Афғонистон дар бораи эҳтимоли афзоиши муҳоҷиратҳо аз ин кишвар дар асари шидат гирифтани ноамниҳо ҳокӣ аз нигаронии мақомоти давлати Кобул аз сарнавишти ашхосе аст, ки бо умеди зиндагии амн ва рифоҳи бештар хатароти бузургеро барои рафтан ба дигар кишварҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ таҷриба мекунанд.

Дар солҳои ахир садҳо нафар аз мардуми ҷангзадаи Афғонистон бо фирор аз шароити бесуботи ин кишвар ва дар пеш гирифтани масири пур хатари рафтан ба кишварҳои дигар зиндагии худ ва хонаводаҳояшонро бо мухотироти ҷуброннопазире ру ба ру кардаанд.

Бахше аз паноҳҷӯёни афғон барои расидан ба Аврупо бо рафтан ба Туркия хатари бузурги убур аз баҳри Миёназамин бо қайқҳои номуносиби қочоқчиёни инсонро ба ҷон мехаранд ва бисёре аз онҳо бо гирифтор шудан дар ҳаводиси мухталифи дарёӣ таъми маргро мечашанд.

Бахше аз суханони вазири умури  муҳоҷирини Афғонистон дар бораи пайёмадҳои афзоиши ноамнӣ дар ин кишвар аз ҷумла шидат ёфтани муҳоҷиратҳо бархоста аз ҳаводиси маргборест барои паноҳҷӯён дар масири рафтан ба Аврупо ва ё дигар кишварҳо барои онҳо рух медиҳад.

Илова бар ин, изҳороти ин мақоми давлати Афғонистон ҳушдорест ба кишварҳои ғарбӣ дар хусуси афзоиши вуруди паноҳҷӯёни Афғонистон ба он кишварҳо, ки дар солҳои ахир барои онон мушкилофарин будааст.

Давлати Афғонистон интизор дорад кишварҳои ғарбӣ ба хусус аврупоиён барои рафъи нигаронии худ аз афзоиши вуруди ғайриқонунии паноҳҷӯён, гоми муассире барои коҳиши ноамнӣ ва поёни ҷанг дар Афғонистон бардоранд, ки албатта то кунун нишонаи мусбате аз иқдомоти онон дар ин замина  мушоҳида нашудааст.

Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки суханони вазири муҳоҷири Афғонистон дар бораи афзоиши муҳоҷиратҳо бархоста аз ташдиди ноамнӣ ва ҷанг дар ин кишвар, пайёмадҳои манфӣ барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла Покистон ва Эрон хоҳад дошт.

Дар ҷанд даҳсолаи гузашта шароити дохилии Афғонистон ношӣ аз ҷанги дохилӣ ва ишғоли хориҷӣ муҷиб шуда то миллионҳо нафар аз мардуми ин кишвар барои ҳифзи ҷони худ Афғонистонро тарк кунанд, ки дар ин миён кишварҳои ҳамсоя бештарин паноҳҷӯёни афғонро пазиро будаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки вуруди ғайриқонунии паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя, мушкилоти бузургеро барои онон эҷод хоҳад кард, интизор меравад Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО барои исботи иддаои худ дар хусуси талош барои барқарории субот дар Афғонистон бо хориҷ кардани низомиёни худ аз ин кишвар идомаи ҷанг тавассути Толибонро мутаваққиф кунанд, то муҳоҷиратҳо ношӣ аз ноамнӣ низ ғайрифаол шавад.