Ҳушдори Лавров дар бораи рафтори Амрико дар баробари Эрон
Вазири умури хориҷаи Русия, рафтори Вашингтонро дар баробари Теҳрон нақзи ошкори Маншури Миллали Муттаҳид хонд ва гуфт, Амрико наметавонад бо кишваре монанди Эрон, ки тамаддуне чанд ҳазорсола дорад, беадабона рафтор кунад.
Ба нақл аз хабаргузории Тос, Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Амрико дар баробари Эрон на танҳо ба таври ошкор Маншури Миллали Муттаҳидро нақз ва аз иҷрои қатъномаи илзомовари Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид худдорӣ мекунад, балки ба таври густохона ба тарҳи мутолиботаш аз ин кишвар мепардозад.
Лавров таъкид кард, Эрон кишварест, ки тамаддун, суннат ва иззати нафси ҳазорсола дорад.
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, амрикоиҳо мегуянд Эрон бояд ба иҷрои тааҳудоташ идома диҳад, аммо худашон қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро дар бораи Эрон зери по мегузоранд.
Лавров афзуд, амрикоиҳо ҳатто аз кишвраҳои дигар низ, ки ҳақи тиҷорати озод бо Эронро доранд мехоҳанд то равобити тиҷории худро бо Эрон мутаваққиф кунанд.
Амрико аз моҳи майи 2018 зимни хуруҷи ғайриқонунӣ ва якҷониба аз БАРҶОМ ва бозгардондани таҳримҳо, корзори ҳамаҷонибаеро барои иҷрои фишори ҳадиаксарӣ алайҳи Эрон ба роҳ андохта ва кишварҳои тарафи тиҷории Эронро низ машмули таҳримҳои сонавияи худ қарор додааст.