Эрдуғон: Мумкин аст вазъи фавқуллода дар Туркия тамдид шавад
(last modified 2016-07-22T11:43:11+00:00 )
Июл 22, 2016 16:43 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Мумкин аст вазъи фавқуллода дар Туркия тамдид шавад

Пас аз он ки Маҷлиси Туркия ба қонуни барқарории вазъияти фавқуллода барои муддати се моҳ дар ин кишвар раъйи мусбат дод, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки пас аз сипарӣ шудани ин се моҳ, эҳтимол дорад, ки боз ҳам ин вазъият тамдид шавад.

Соате пас аз таъйиди қонуни барқарории ҳолати фавқуллода дар Порлумони Туркия, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз эҳтимоли тамдиди ин вазъият дар моҳҳои оянда хабар дод.

Ба гузориши "Форс", пас аз он ки Маҷлиси Туркия ба қонуни барқарории вазъияти фавқуллода барои муддати се моҳ дар ин кишвар раъйи мусбат дод, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки пас аз сипарӣ шудани ин семоҳа ҳеч монее барои тамдиди ин вазъият вуҷуд надорад.

Эрдуғон гуфт, то имрӯз 10 ҳазору 400 нафар аз мухолифони давлат дастгир шудаанд, ки 103 нафар аз онон генералҳои артиш ҳастанд.

Раиси ҷумҳурии Туркия бар азми худ барои мубориза бо тарафдорони Фатҳуллоҳ Гулен таъкид кард ва афзуд: "Бо гурӯҳи тарафдорони Гулен бархурд хоҳем кард, зеро онҳо як мушт террористи ҷудоиталаб ҳастанд".

Эрдуғон гуфт, бидуни дар назар гирифтани авомили кудато дар артиш, то кунун барои 246 нафар дархости муҷозоти эъдом шудааст.

Эрдуғон ҳамчунин аз эҳтимоли рух додани кудатои ҷадид сухан гуфт, вале таъкид кард, ки агар чунин иттифоқе рух диҳад, кудаточиён кори осоне нахоҳанд дошт.

Изҳороти Эрдуғон дар ҳолест, ки наҳваи бархурди давлати Туркия бо низомиён, устодони донишгоҳҳо ва асҳоби расона пас аз кудатои нофарҷоми шанбеи гузашта ба яке аз дағдағаҳои маҳофили байналмилалӣ табдил шудааст.

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз зери по гузошта шудани ҳуқуқи қонунии мардуми Туркия дар давраи семоҳаи ҳолати фавқуллода дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз барканорӣ ва ихроҷи беш аз 50 ҳазор нафар аз мухолифони давлати Туркия дар дастгоҳҳои мухталифи иҷроӣ хабар медиҳанд.

 

Барчасп