Январ 01, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Соли 2019, хунинтарин соли низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон

Рӯзномаи амрикоии "Army Times" навишт: Соли 2019, хунинтарин сол барои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон дар 5 соли гузашта буд.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, ин рӯзнома навишт: Дар соли 2019-и мелодӣ 13 низомии амрикоӣ бар асари даргирӣ дар Афғонистон кушта шуданд, дар ҳоле, ки дар соли 2017-и мелодӣ 11 низомӣ кушта шуда буданд.

Тибқи ин гузориш, дар соли 2016,  9 низомии амрикоӣ дар даргирӣ дар Афғонистон кушта шуданд ва соли пеш аз он, шумори низомиёни кушташудаи амрикоӣ дар Афғонистон бар асари ҷанг 10 маврид буд.

Нерӯҳои амрикоӣ дар ҳоле хунинтарин соли худро дар Афғонистон дар 5 соли гузашта таҷриба карданд, ки музокироти Амрико ва "Толибон" барои расидан ба як тавофуқ пас аз чандин даври гуфтугӯ мутаваққиф шуда ва то кунун ба натиҷаи нарасидааст.

 

Барчасп