Посухи кинояомези бозигари Голливуд ба изҳороти Трамп дар бораи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50008-Посухи_кинояомези_бозигари_Голливуд_ба_изҳороти_Трамп_дар_бораи_Эрон
Марк Ҳамил, бозигари машҳури голливудӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и худ ба забони форсӣ ба Трамп посух дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 15, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Посухи кинояомези бозигари Голливуд ба изҳороти Трамп дар бораи Эрон

Марк Ҳамил, бозигари машҳури голливудӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и худ ба забони форсӣ ба Трамп посух дод.

Ба нақл аз Спутник, пеш аз ин раиси Ҷумҳурии Амрико дар саҳифаи Twitter- и худ дар бораи таҷаммӯоти ахири ҷамъе аз донишҷӯёни эронӣ дар ёдбуди қурбониёни ҳодисаи ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон, ба забони форсӣ навишта буд, ки Эрон бояд ба гурӯҳҳои ҳуқуқи башар иҷоза диҳад, бар ҳақиқати кунунии эътирозҳои мардумӣ назорат кунанд ва гузориш бидиҳанд.

Марк Ҳамил, бозигар ва садопешаи амрикоӣ низ дар вокуниш ба ин твит ба киноя ба забони форсӣ навишт: "Лутфан, аз ин воқеият ғофил шавед, ки ман (Трамп) барои мусофироати шумо (ба Амрико) мамнӯият эҷод ва таҳдид кардаам, ки марказҳои фаҳангии шуморо (дар Эрон) бомбаборон кунам"