Расонаи амрикоӣ: Маҷрӯҳони ҳамлаи Эрон ба Айнуласад ба Олмон ва Кувайт мунтақил шудаанд
(last modified 2020-01-17T16:20:04+00:00 )
Январ 17, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Расонаи амрикоӣ: Маҷрӯҳони ҳамлаи Эрон ба Айнуласад ба Олмон ва Кувайт мунтақил шудаанд

Як расонаи амрикоӣ бо ироаи ривояте мутафовит аз иддаоҳои давлати Амрико, шавоҳиди тозае аз талафоти низомиёни ин кишвар бар асари ҳамлаи мушакии интиқомии Эрон ироа кардааст.

Пойгоҳи хабарии “Дифенс Ван” (defense one) навишт, чанд мақоми артиши Амрико ва Пентагон эълом кардаанд, ки низомиёни маҷрӯҳшуда дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи амрикоиҳо дар Айнуласади Ироқ ба бемористонҳои низомии Амрико дар Кувайт ва шаҳри Ландштули Олмон мунтақил шуданд.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” рӯзи чаҳоршанбе нахустин бор ба захмӣ шудани чандин нафар дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ишора карда буд.

Ба дунболи он, эътилофи амрикоии ба истилоҳ зидди ДИИШ ҳам панҷшанбешаб дар баёнияе расмӣ водор шуд таъйид кунад, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласад 11 низомии амрикоӣ захмӣ шудаанд ва ҳамчунон таҳти дармон ҳастанд.

Мақомҳои Вашингтон то кунун иддао мекарданд, ки ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ҳеҷ талафоте дар миёни низомиёни амрикоӣ, нерӯҳои эътилоф ва паймонкорон надоштааст.

Нерӯҳои террористи артиши Амрико 3 январ дар ҳамлае паҳподӣ дар фурудгоҳи Бағдод сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмони Неруҳои басиҷи мардумии Ироқро ба ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 8 январ дар посух ба ин ҷиноят, пойгоҳи низомиёни амрикоии Вйнуласад дар устони Аланбор ва дигар маҳалли истиқрори ононро дар Эрбили Ироқ ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод.

 

Барчасп