Русия ; пружаи хати лулаи гази Нурд Стрими 2 тибқи барнома такмил мешавад
(last modified 2020-01-18T07:31:20+00:00 )
Январ 18, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Русия ; пружаи хати лулаи гази Нурд Стрими 2 тибқи барнома такмил мешавад

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард , пружаи хати лулаи гази Нурд Стими 2 бо вуҷуди фишорҳои мавҷуд , тибқи барнома такмил хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати хориҷаи Русия дар ин баёния , таҳримҳои Амрико алайҳи пружаи хати лулаи гази Нурд Стрими 2ро мудохилаи ошкор дар умури дохилии Иттиҳодияи Аврупо тавсиф ва тасриҳ кард, ҳадафи Вашингтон аз эҷоди иқдомҳои маҳдудкунанда дар ин пружа, ҳазфи Русия аз бозори гази Аврупо ва фуруши гази табии мойеъи Амрико ба бозорҳои аврупоӣ аст.

Дар ҳоле ,ки пружаи Нурд Стрими 2 бо ҳадафи афзоиши содироти газ ба аврупо тавассути Русия ва кансарсиюми аврупоӣ дар дасти иҷро аст ; Амрико  дар талош аст бо эҷоди монеъа дар раванди иҷроии он , ин пружаро мутавақиф кунад.

Дар ин росто Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико 20 сентиябри 2019 будҷаи низомии Амрикоро ,ки таҳрими хати лулаи газии Нурд Стрими 2 бахше аз он буд имзо кард.

Вазорати хориҷаи  Амрико ҳам ба Ширкатҳо ва паймонкорони фаол дар ин пружа ҳушдор додааст дар сурате ,ки фавран фаолияти худро мутавақиф накунанд ҳадафи таҳрим қарор хоҳанд гирифт.

Димитрий Песков сухангуи кохи Кремл ахиран эълом кард , таҳримҳои Амрико алайҳи хати лулаи гази Нурд Стрими 2 нақзи қонунҳои байналмиллалӣ ва намунае аз рақобати нобаробар аст.

Уллф Шулс Вазири дороии Олмон низ гуфт ; таҳримҳои Амрико алайҳи ширкатҳои фаол дар тарҳи хати лулаи Нурд Стрими 2 мудохила дар умури дохилии  Аврупо ва Олмон донист.

Тарҳи хати лулаи газии Нурд Стрими 2 дар ду масир бо қобилияти интиқоли 55 миллиард метри ммукааб газ дар сол , аз тариқи дарёи Балтика байни Русия ва олмон дар ҳоли сохт аст.

Ширкати русии ГАЗПРОМ сохти ин хати луларо бар уҳда дорад. Ин ширкат бо ширкатҳои аврупоии энержии Engie  OMV   Shell  ва  Wintershall  ҳамкорӣ мекуунад.