Давлати Афғонистон:Толибон дар паи фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Муовини дуввуми раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ҳадафи тарҳи Толибон барои коҳиши ҳамлаҳо, фирор аз сулҳи воқеӣ ва фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Ба нақл аз шабакаи хабарии Тулӯъ, Дониш Сарвар имрӯз душанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул афзуд, мумкин аст Амрико бо Толибон тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ имзо кунад, аммо ин тавофуқнома мушкили Афғонистонро ҳал нахоҳад кард.
Вай тасреҳ кард, агар байни Толибон ва Амрико тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ имзо шавад ҳаракате мусбат аст, вале тарафи аслии ҷанг, ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст, ки то кунун дар ҳошия қарор гирифтаанд ва дар чунин вазъе, амалисозии сулҳ имконпазир нест.
Муовини дуввуми раёсат ҷумҳурии Афғонистон афзуд, сулҳе мавриди қабули мардуми ин кишвар аст, ки дар он Толибон аз ҷанг даст бикашад ва бо мушорикат дар қудрат аз тариқи созу корҳои демократик ва қонунӣ, фазои зиндагии сиёсии мусолиматомезро барои мардум фароҳам кунад.
Ин дар ҳолест, ки Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ вазири умури хориҷаи Покистон гуфта буд Толибон барои коҳиши амалиёти низомӣ дар Афғонистон эъломи омодагӣ кардааст ва коҳиши хушунатро гоме барои расидан ба тавофуқи сулҳ медонад.